Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари таърихии Райс ба Либия


Ҳафтаи равон хонум Кондолиза Райс ба Либия сафар мекунад. Ин аввалин зиёрати котиби давлатии ИМА аз Либия дар тӯли 50 соли ахир аст. Сухангӯи Департаменти давлатӣ Шон Маккормак мегӯяд, ин сафар таърихӣ мебошад, зеро дар равобити миёни ИМА ва Либия саҳифаи нав боз мекунад. Сафари Райс нишонаи беҳбуди равобити миёни ду кишвар аст, ки соли 2003-ум баъди қатъи барномаи тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ дар Либия оғоз ёфтааст. Дар ҷараёни боздид аз Либия РАйс бо раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ мулоқот мекунад. Сипас ӯ ба Тунис, Алҷазоир, Марокаш ва Португалия сафар намуда, рӯзи якшанбе ба Вашингтон бармегардад.
XS
SM
MD
LG