Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз куштори Евлоев изҳори нигаронӣ кард


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз куштори Муҳаммад Евлоев, соҳиби сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” изҳори нигаронӣ кард. Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ изҳор намуд, ки ҳалокати Евлоев "натиҷаи маъракаи ташкилкардаи мақомот барои бастани забони ягона манбаъи хабарии мухолифи ҳукумат дар ин минтақа аст". Ба гуфтаи Ҳарастӣ, куштори Евлоев аз пойин рафтани сатҳи озодии матбуот дар Русия шаҳодат медиҳад.

Субҳи имрӯз гирдиҳамоии аҳзоби мухолиф дар маркази Назран бо талаби тафтиши воқеъбинонаи ҳалокати Муҳаммад Евлоев ва истеъфои раиси ҷумҳур Мурод Зязиков саркӯб шуд. Муҳаммад Евлоев, ки рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи Магаси Ингушетия боздошт шуда буд, бар асари ҷароҳати бардошта дар мошини милиса ба ҳалокат расид. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамсафони Муҳаммад Евлоев марги ӯро “куштори сиёсӣ” мехонанд.
XS
SM
MD
LG