Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои Русия Тифлисро тарк мекунанд


Тифлис дар бораи қатъи равобити дипломатӣ расман ба Маскав хабар дод. Номаи расмии вазорати умури хориҷаи Гурҷистон имрӯз ба масъули сафорати Русия дар Тифлис Андрей Смага супурда шуд. Ба гуфтаи Смага, рӯзҳои наздик дипломатҳои Русия қаламрави Гурҷистонро тарк хоҳанд кард.

28 август порлумони Гурҷистон бо пазируфтани як қарор қатъи равобити дипломатӣ бо Русия дар посух ба эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ аз сӯи Маскавро талаб кард. Як рӯз баъд муовини вазири умури хориҷаи Гурҷистон Григол Вашадзе изҳор намуд, ки Тифлис равобити дипломатӣ бо Гурҷистонро қатъ мекунад ва аммо ду кишвар хадамоти консулгариро ҳифз хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG