Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоили таҳсили атфоли муҳоҷирони тоҷик


Шумораи навбатии барномаи «Садои ҳамватан» ба мавзӯъи таҳсили фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар берун аз Тоҷикистон ихтисос дорад.

Фаъолияти ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон яке дигар аз мавзӯъҳои ин барнома хоҳад буд.

Дар ин рӯзҳо охирин омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Падару модарон ба умеди ояндаи дурахшон фарзандонашонро ба мактаб гусел карданд. Баъзе аз ин кӯдакон имсол баъд аз вуруд ба дарсхона шояд чанд нафар аз ҳамсабақҳои худро дар паҳлӯи худ надиданд. Онҳо бо падару модари муҳоҷири кории худ дӯстони кӯдакии худро тарк ва ба мулки дигаре куч бастаанд, аксарият ба Русия. Дар миёни онҳо кӯдаконе низ ҳастанд, ки фақат барои ҳамроҳӣ бо падару модар мактаби зодгоҳи худро тарк кардаанд ва дар ҷои нави иқомат сарнавишти муайян надоранд.

Вале дар миёни падару модарони муҳоҷир ононе низ ҳастанд, ки барои фаро гирифтани фарзандонашон бо таҳсили хуб онҳоро бо худ бурдаанд. Шумо дар идомаи ин барнома хоҳед шунид, ки дар муқоиса бо солҳои пеш солҳои ахир муҳоҷирони корӣ аъзои хонавода, яъне фарзандонашонро низ бо худ ба Русия ё Қазоқистон мебаранд ва саъй мекунанд шаҳрвандии ин кишварҳоро бигиранд.

Шароити қабул ва таҳсили фарзандони муҳоҷири кории тоҷик дар мактабҳои Маскав нисбат ба шаҳрҳои дигар душвортар аст. Аҳолӣ дар ин шаҳр зиёд аст ва сабти иқомати муҳоҷирон мушкил. Ба ин далел онҳо ва фарзандонашон бештар ба ноумедӣ дучор мешаванд.

Вилояти Свердловски Русия яке аз манотиқест, ки шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик ба сар мебаранд. Фаррух Мирзоев, раиси ҷумъияти "Сомон"-и тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург - маркази идории ин вилоят, мегӯяд, солҳои ахир муҳоҷирони кории тоҷик оилаҳои худро низ аз Тоҷикистон ба ин вилоят кӯч медиҳанд. Дар гуфтугӯе бо мо оқои Мирзоев изҳор дошт, ки фарзандони чунин муҳоҷирон барои таҳсил дар макотиб тақрибан душворӣ надоранд ва ҷамъияти онҳо корҳоеро дар ин замина анҷом медиҳад.

Аммо вазъи таҳсили муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон чӣ тавр аст? Баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик фарзандони худ ва пайвандонашонро барои таҳсили хубу ҳамаҷониба бо худ ба Қазоқистон бурдаанд ва мегӯянд, шароити таҳсил дар макотиби Қазоқистон бо шароити макотиби Тоҷикистон қобили қиёс нест.

Солҳои ахир ҷамъияти тоҷикони муҳоҷири Қирғизистон бештар ба фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул мешавад. Ин ҷамъият тасмим гирифтааст, ки ба манотиқи мухталифи Қирғизистон сафар ва бо тоҷикони муҳоҷир ва муқими ин кишвар иртибот барқарор кунад. Ин ҷамъият гуфтааст, омода аст дар ояндаи наздик дар Бишкек ба забони тоҷикӣ ба чопи нашрияи худ оғоз кунад.

Ёдовар мешавам, ки ин барнома ҳар ҳафта шоми шанбеву якшанбе соъати 20-у 30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соъати 8:30 дақиқа ба вақти Тоҷикистон пахш мешавад.

Барои шунидани барномаи «Садои ҳамватан» ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.

XS
SM
MD
LG