Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаҳо ба аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба гурӯҳи бузурги мутахасисони варзида ва аҳли адабу фарҳанги кишвар нишону ҷоизаҳои ҳукуматӣ супурд. Аз ҷумла, шоира Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб, ҳунарманди шоиста Гулчеҳра Содиқова ва нависанда Бароти Абдураҳмон барандагони ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ эълон шудаанд. Ба гурӯҳи ҳунармандон, аз ҷумла, таҳиягари студияи “Тоҷикфилм” Марат Орифов, ҳунарманди театри ҷавонон Аслибегим Саодатова, ҳунарманди театри ба номи Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалов ва овозхонҳо Абдулло Султонов ва Афзалшоҳи Шодӣ унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон" эҳто гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG