Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақли собиқ афсари хадамоти амнияти Узбакистон


Икром Ёқубов, собиқ майори хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳини сӯҳбат бо радиои Озодӣ
Икром Ёқубов, собиқ майори хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳини сӯҳбат бо радиои Озодӣ

Як афсари фирории хадамоти Узбакистон иддао дорад, ки раисиҷумҳурии ин кишвар се соли пеш шахсан ба қатли оми мардум дар Андиҷон амр додааст.

Ҷефрӣ Донован

Икром Ёқубов, собиқ майори хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ розӣ шуд маълумоти дар ихтиёрдоштаашро ифшо кунад.

Вай баъди як моҳи фирору махфигардиҳо дар хориҷа аз Бритониё дархости паноҳандагӣ кардааст. Тасмими Ёқубов барои дархости паноҳандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад: як афсари хадамоти иттилоот, ки замоне ба таври мустақим ба Ислом Каримов гузориш медод, рӯзе дарк мекунад, ки дигар намехоҳад барои як қотил кор кунад.

Тибқи гузоришҳо, Икром Ёқубов феълан дар Лондон ба сар мебарад ва дар фурсати кутоҳ бояд аризаи худро бо дархости паноҳандагӣ ба мақомоти Бритониё супорад. Баъди тарки Узбакистон карданаш аз тарси ҷон вай аз моҳи апрел инҷониб дар қаламрави кишвари сеюм паноҳ бурдааст:

"Замоне, ки ман дар ҳукумати Каримов кор кардам, ман бисёр чизҳои ғайриқонунӣ, чизҳои ваҳшатнокро шоҳид шудам: чи тавр онҳо зидди одамон иттиҳомот дуруст мекунанд, чи гуна пайравони оддии дини Исломро мекушанду нобуд мекунанд, чӣ тавр тарсу ҳаросро дар миёни мардум ҷо мекунанд. Ва ман ҳам яке аз онҳо, ҷузве аз ин сиёсати ваҳшатнок будам".

Ёқубов мегӯяд, ки ҳудудан даҳ сол чун афсари СНБ, ё Хадамоти амнияти миллӣ, кор карда, тақрибан ду сол узви Шӯрои амнияти миллии Узбакистон будааст. Вай мегӯяд, ки Каримов ба афсарони низомӣ ба таври мустақим амр додааст, ки артишро омӯзиш диҳанд, то ки ба ҷониби эътирозгарони андиҷонӣ соли 2005 оташ кушоянд. Ба иддаои Ёқубов, дар он рӯйдодҳо беш аз 1500 нафар ҷон додаанд ва ин шумор ду баробар бештар аст назар ба он чи ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд. Каримов чандин бор ин иттиҳомотро рад кардааст ва назар ба иддаои ҳукумат, дар он рӯйдодҳо 187 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Ёқубов, Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошубгари тоҷикистонӣ ҳоло бахше аз нерӯҳои
Ба иттилоъи Ёқубов, полковники ошубгари тоҷикистонӣ Маҳмуд Худойбердиев феълан бахше аз нерӯҳои муҳофизгари элитаи Ислом Каримов ва духтарони ӯро раҳбарӣ мекунад ...
муҳофизгари элитаи Каримов ва духтарони ӯро раҳбарӣ мекунад. Ёқубов инчунин ҳукумати Узбакистонро дар муборизаи дурӯғини зиддитеррор муттаҳам карда мегӯяд, ки аксар ҳамлаву таркишҳоро худи ҳукумат ташкил карда баъдан бори гурӯҳҳои исломӣ, мухолифин ва нирӯҳои хориҷӣ мекунад. Ба қавли вай, ҳукумати Узбакистон суқути ҳавопаймои афсари СММ Ричард Конройро дар соли 2004 ташкил кардааст. Ин шахс, мегӯяд вай, далелҳои даст доштани ҳукуматро дар қочоқи маводи мухаддир дар ихтиёр дошт.

Он чи ки имрӯз аз забони Ёқубов садо медиҳад, дар гузашта борҳо аз сӯи фаъолони ҳуқуқи башар, мухолифин ва сафири пешини Бритониё дар Тошканд Крейг Муррей садо додааст. Аммо гуфтаҳои Икром Ёқубов бештар қобили эътимод ба назар мерасад. Крейг Муррей, муаллифи китоби "Куштор дар Самарқанд", ки аксари иттиҳомоти Ёқубовро дар ин китоб низ пайдо кардан мумкин аст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳодатҳои афсари собиқи СНБ-и Узбакистон боварибахш аст, аммо бо ин вуҷуд ба он бояд бо эҳтиёт гӯш дод.

"Ҷомеъаи Узбакистон шадидан дучори ҷунун аст. Он ҷо ҳам ҷосусон ҳастанд ва ҳам ҷосусони дутарафа ва нафароне ҳастанд, ки барои ду сангар хизмат мекунанд. Ва вақте ки иттилооти Ёқубов воқеъӣ ва хеле ҷолиб ба назар мерасад, ҳамоно бояд каме боэҳтиёт муносибат кард".

Ёқубов, ки бо забони равони англисӣ сӯҳбат мекунад, мегӯяд ҷосус ва ё ҷосуси дугона нест. Вай мегӯяд, ки танҳо хоҳишаш баёни ҳақиқат асту бас. Яке аз маълумоти ҷолиби дигари додаи ӯ марбут ба полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аст, ки ӯро дар Тоҷикистон мавриди пайгарди қонун қарор додаанд. Ба иттилоъи Ёқубов, нерӯҳои таҳти фармондеҳии Худойбердиев барои қатли оми мардум дар Андиҷон сафарбар шуданд. Ҳоло полковники ёғӣ, ба гуфтаи Икром Ёқубов, бахше аз нерӯҳои муҳофизгари элитаи Каримов ва духтарони ӯро раҳбарӣ мекунад. Яке аз вазифаҳои ӯ таъмини шароити мусоиди сари қудрат овардани Гулнора Каримова аст, ки бояд ҷои падари 70-сола ва гирифтори саратонашро бигирад, мегӯяд Ёқубов.

Бар асари ҳуҷуми нерӯҳои низомии Узбакистон ба мардуми гирдиҳамомада дар шаҳри Андиҷон моҳи майи соли 2005 садҳо нафар кушта шуданд

Дар бахши дигари баёнияҳояш афсари собиқи СНБ-и Узбакистон мегӯяд, ки таркишҳои Тошканду Бухороро соли 2004, ки боиси ҳалокати 47 нафар гардиду бори ҷумбиши исломии Узбакистон ва «Ҳизб-ут-Таҳрир» шуд, худи ҳукумат ташкил кардааст. Вай гуфт, ки ҳукумат бо дасти худ ин гурӯҳҳо ва раҳбарони тундрави онҳоро эҷод кардааст, ба шумули Тоҳири Юлдош, раҳбари ҷумбиши исломии Узбакистон ва Акрам Юлдошев, ба истилоҳ раҳбари рӯҳонии Арамия, гурӯҳе, ки масъули ташкили ошӯбҳои Андиҷон гуфта мешаваду ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

"Акрами Юлдош, Тоҳири Юлдош - ин афрод аз ҷониби СНБ махсус эҷод шудаанд. Ман далели кофӣ дар даст дорам, ки ба чунин хулоса биёям. Ҷунбиши исломии Узбакистон ҳам сохтаи СНБ аст, ки тибқи амри Каримов ташкил шудааст. Тоҳири Юлдош бо Каримов тамоси хеле наздик дорад ва амрҳои Каримовро иҷро мекунад".

Ёқубов гуфт, ки вай санадҳои зиёдро дидааст, ки ба унвонии Каримов иншо шуда, дар он гуфта мешавад, ки худи Юлдош Ҷумъаи Намангонӣ, раҳбари пешини Ҷунбиши исломии Узбакистонро ба қатл расондааст, то ки назорати комилро ба ин гурӯҳ ба даст дарорад. Эҳтимол меравад, ки Намангонӣ дар Афғонистон соли 2001 замони вуруди нерӯҳои Амрико ба ин кишвар кушта шудааст, аммо ҷасади вай то имрӯз нопайдост.

XS
SM
MD
LG