Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав, Ашқобод ва Тошканд лулаи нави газ месозанд


Маскав ва Тошканд дар мавриди бунёди лулаи нави газе ба созиш расиданд, ки гази Туркманистонро тавассути қаламрави Узбакистон ба Русия интиқол медиҳад. Дар ин бора сарвазири Русия Владимир Путин баъд аз анҷоми музокироташ бо раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар Тошканд хабар дод. Путин афзуд, ки ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои низомиву техникӣ ҳам ба мувофиқа расиданд. Сарвазири Русия бо ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев низ дидору гуфтугӯ дошт.

XS
SM
MD
LG