Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон ба Рамазон арҷ мегузорад


Мақомоти Покистон дар бораи мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ алайҳи толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон хабар доданд. Вазорати дифоъи кишвар эълом дошт, ки ин тасмим дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон гирифта шудааст. Ва аммо, ба иттилоъи хабаргузориҳои ғарбӣ, худи толибон ба оташбас дар моҳи барои мусалмонҳо муқаддас риоя карданӣ нестанд.

Ба иттилоъи расмӣ, бар асари амалиёти артиши ҳукуматӣ дар манотиқи шимолу ғарбии Покистон дасти кам 560 тан аз ифротгароён кушта шуданд. Вазорати дифоъ хабар дод, ки тақрибан 20 низомии кишвар ба ҳалокат расида ва 30 нафари дигар беному нишон ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG