Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф дар куштори чаҳор афғон даст надорад


Нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон даст доштани сарбозони худ дар ҳалокати чаҳор сокини осоиштаи шаҳри Кобул, аз ҷумла, ду тифлро рад карданд. Дирӯз садҳо сокинони Кобул ба хиёбонҳо рехта алайҳи ҳалокати мардуми осоишта дар амалиёти кофтукоби ошубгарон дар маҳаллаҳои атрофи пойтахт эътироз карданд. Ҳайати фармондеҳии эътилофи байнулмилалӣ изҳор намуд, ки низомиёни хориҷӣ дар ин амалиёти вижа ширкат надоштанд.

Авзоъ дар робита ба куштори сокинони осоишта баъд аз он ташаннуҷ пайдо кард, ки моҳи гузашта мақомоти Афғонистон ҳалокати тақрибан 90 тан аз мардуми вилояти Ҳирот бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоиро тайид карданд.
XS
SM
MD
LG