Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ордени Шараф – ба Боқиев ва Абдусаломов


Варзишгарони машҳур Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон - ордени Шараф дараҷаи 1 – сарфароз шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми сентябр ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бинои ҳукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногун хизматҳои шоиста кардаанд, ҷоизаҳои давлатӣ супурд.

Аз ҷумла, паҳлавонони номбардори Тоҷикистон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, ки мувофиқан сазовори медалҳои биринҷӣ ва нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин шудаанд, ҷоизаи давлатии Тоҷикистон – ордени Шараф дараҷаи аввалро ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG