Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иқдоми Иттиҳодияи Аврупоро танқид кард


Сафири Русия дар Иттиҳодияи Аврупо қарори Иттиҳодияи Аврупо пиромуни таваққуфи музокироти созиши нави ҳамкориҳо бо Русияро рад кард. Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст фақат баъди беруншавии сарбозони Русия аз хоки Гурҷистон бо Маскав сари мизи музокирот нишинад.
Сафир Владимир Чижов гуфт, эҳтиёҷи Русия ба созиш бештар аз эҳтиёҷи Иттиҳодияи Аврупо ба ин санад нест.
Ӯ афзуд, иқдоми Иттиҳодия собит мекунад, ки он коршарики қобили эътимод намебошад.

XS
SM
MD
LG