Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз мавқеи Иттиҳодияи Аврупо хушҳол аст


ИМА аз натиҷаҳои нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо қаноатманд аст. Иттиҳодияи Аврупо амали Русия дар Гурҷистонро танқид намуда, эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз тарафи Маскавро маҳкум кард.
Сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино мегӯяд, нишасти изтирории раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки Аврупо ва ИМА дар як саф қарор дошта, аз тамомияти арзӣ, соҳибистиқлолӣ ва бозсозии Гурҷистон пуштибонӣ мекунанд.
ИМА аз кишварҳои аврупоӣ дархост намудааст, ки ҳар чӣ зудтар нозиронашонро ба Гурҷистон фиристода, кумак кунанд, ки Русия бар пояи ӯҳдадориҳояш нерӯҳояшро аз хоки Гурҷистон берун барорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG