Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 5120 мусулмони тоҷикистонӣ ба ҳаҷ мераванд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, 10-уми ноябри соли равон танҳо 5 ҳазору 120 нафар мусулмони кишвар ҳаққи зиёрати Хонаи Худоро доранд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Абдусалом Раҷабов, масъули шӯъбаи Ҳаҷ дар вазорати фарҳанг, то кунун 20 ҳазор сокини мусулмони Тоҷикистон барои сафар ба Макка аснод супоридаанд. Вай дар сӯҳбат ба хабаргузории миллии «Ховар» таъкид намудааст, ки ин миқдор ҷойро барои Тоҷикистон мақомоти умури дини Арабистони Саудӣ ҷудо мекунанд ва онҳо ҳаққи зиёд ва ё кам кардани теъдоди зоиринро надоранд. Ба қавли оқои Раҷабов, ҳаққи расмии сафар ба Хонаи Худо, ки вазорати иқтисоди Тоҷикистон муқаррар кардааст, 3 ҳазор доллари армикоиро ташкил медиҳад. Феълан дар Тоҷикистон бештар аз 5 миллион мусулмон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG