Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини қирғиз муттаҳид мешаванд


Эътилофи калидии мухолифини қирғиз тасмим гирифтааст бо ҳизбҳои дигар муттаҳид шуда, бар зидди ҳукумат қиём намояд. Темур Сариев яке аз раҳбарони эътилофи "Баҳри адолат" иброз доштааст, ки бӯҳрони кунунии энергияву озуқа амиқтар шуда, мардум қабули қарорҳои сиёсиро талаб хоҳанд кард.
Эътилофи "Баҳри адолат" як идда ҳизбҳову ҷумбишҳои мухолифинро дар бар мегирад. Он тасмим гирифтааст, ки намояндагонашро барои сабқат дар интихоботи маҳаллии 5-уми октябр пешбарӣ намуда, сипас моҳи ноябр анҷуман стратегияи эътилофро арзёбӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG