Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори зани гурҷӣ дар минтақаи "амн"


Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон изҳор намудааст, ки рӯзи душанбе дар деҳаи Кода як зани гурҷӣ кушта ва ду кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба қавли вазорат масъулияти куштор бар дӯши ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ мебошад.
Шота Утиашвилӣ сухангӯи вазорати корҳои дохилии Гурҷистон мегӯяд, деҳа дар минтақаи ба истилоҳ амни зери назорати нерӯҳои Русия қарор дорад.
Нерӯҳои Русия дар атрофи минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон минтақаҳои амн ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG