Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейнӣ ба Қафқоз, Украина ва Италия сафар мекунад


Қасри Сафед иттилоъ додааст, ки тибқи нақша ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ ба Гурҷистон, Украина, Озарбойҷон ва Италия сафар мекунад.
Хонум Дана Перино сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд, дирӯз баъди сӯҳбат бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш Чейнӣ изҳор намуд, ки сафараш бидуни тағйир доир хоҳад шуд.
Дафтари матбуотии ноиб-президенти ИМА мегӯяд, Чейнӣ имрӯз ба роҳ баромада, фардо рӯзи чоршанбе ба Озарбойҷон мерасад. Рӯзи панҷшанбе ноиб-президенти ИМА аз Гурҷистон зиёрат хоҳад кард. Сипас зиёрати Чейнӣ аз Украинаву Италия ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

XS
SM
MD
LG