Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо музокирот бо Русияро қатъ кард


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардаанд, музокироти созиши нави ҳамкориҳои Иттиҳодия бо Русияро мутаваққиф намоянд. Иттиҳодия талаб кардааст, ки қабл аз оғози музокирот Русия нерӯҳояшро аз хоки Гурҷистон, ки баъди 7-уми август ишғол намудааст, берун барорад.
Дар поёни нишасти изтирории раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брусел раҳбари даврии он- президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, агар Русия бар пояи мувофиқаташ сарбозонашро аз хоки Гурҷистон ихроҷ накунад, 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо равобиташон бо Русияро бознигарӣ мекунанд:
Ҳамаи мо тақозо дорем, ки созиши иборат аз шаш бахш, ки аз тарафи раҳбарони баландпояи тарафҳои низоъ имзо шудааст, пурра иҷро шавад. Бояд ёдовар шавам, ки ин созиш ягона санадест, ки мавриди эътирофи тамоми ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Раиси Комиссияи аврупоӣ- ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, Мануэл Барозу мегӯяд, гуфтушунид мебоист 15-уми сентябр оғоз шавад. Ҳоло оғози он ба ҳаракати нерӯҳои Русия вобастааст.
8-уми сентябр Саркозӣ барои мулоқот бо раҳбарони Русия ба Маскав сафар мекунад.
Дирӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки аз дастгирии президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ худдорӣ кунанд.
Нерӯҳои Русия дар таърихи 8-уми август ба хоки Гурҷистон ворид шуданд. Онҳо имкон надоданд, ки нерӯҳои Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро зери назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд. То кунун нерӯҳои Русия аз манотиқи ахиран ишғол намудаашон берун нашудаанд. Бар илова 26-уми август Русия истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистонро ба расмият шинохт.

XS
SM
MD
LG