Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби мухолифи Ингушетия дар як гирдиҳамоӣ дар Назран хостори тафтиши воқеъбинонаи ҳалокати Муҳаммад Евлоев шуданд.

Имрӯз, якуми сентябр, дар маросими ҷанозаи соҳиби сомонаи интернетии “ingushetia.ru” дар шаҳри Малгобек садҳо нафар ширкат карданд.

Муҳаммад Евлоев, ки рӯзи якшанбе, 31 август, дар фурудгоҳи "Магас"-и Ингушетия боздошт шуда буд, бар асари ҷароҳати дар мошини милиса бардошта ба ҳалокат расид. Мақомоти ҳифзи тартибот аз рӯи банди “куштор бар асари беэҳтиётӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамсафони Муҳаммад Евлоев марги ӯро “куштори сиёсӣ” мехонанд. Кормандони сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” мегӯянд, ки ҳатто баъд аз ин куштор ҳам корро қатъ нахоҳанд кард.

Додситонии Ингушетия ин сомонаро дар пахши матолиби ифротгароёна муттаҳам мекунад. Сардабири “Ингушетия.ру” Роза Малсагова бар асари таъқибу фишор маҷбур шуд, ки Русияро тарк карда хостори паноҳгоҳи сиёсӣ дар Фаронса шавад.

Идораи додситонии Русия мегӯяд, ки таҳқиқи ибтидоии ҳодисаи куштори соҳиби сомонаи интернетӣ дар боздоштгоҳи полисро оғоз намудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва аз ҷумла бахши русии созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч таҳқиқи ҳаматарафаи куштори Евлоев, яке аз симоҳои асосии мухолифини ҷумҳурии Ингушистони Русияро тақозо кардаанд.

Сухангӯи идораи додситонии кулли Русия Владимир Маркин мегӯяд, муфаттишон бояд муайян кунанд, ки оё сабаби куштори Евлоев фаромӯшкорӣ будааст ва ё чизи дигаре? Ба гуфти Маркин, полис саъй дошт, Евлоевро ба бозпурсӣ ҳозир намояд, вале дар ин байн тасодуфе ба вуқӯъ пайваста, номбурда тир хӯрдааст. Назар ба гузоришҳо, Евлоев ҳангоми вуруд ба фурӯдгоҳ дастгир шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ дар ҳамон ҳавопаймо раисҷумҳури рӯ ба Маскави Ингушистон Мурод Зязиков ба Назран баргашта будааст.

Дар гузашта Зязиков сомонаи интернетии ingushetiya.ru-ро танқид намуда, кӯшиш карда буд, онро бубандад.

XS
SM
MD
LG