Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон мӯҳлати манъи содироти маводи нафтиро аз 1 сентябри соли равон то 1 январи соли оянда тамдид намуд.

Ҳукумати кишвар тибқи қарори хеш аз 19 майи соли равон содироти бензин ва маводи сӯхти дизелиро то ба 1 сентябр манъ карда буд. Акнун ба ин феҳрист маводи сӯхти бухорӣ ё карасин низ шомил карда шуд. Ҳамзамон ҳукумат ба Вазорати молия супориш додааст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои ин қарор тадобир биандешад. Ҳамчунин, Вазорати хориҷаи кишварро мукаллаф гардонидааст, ки дар бораи тамдиди манъи содироти маводи сӯхт ва карасин Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиёро огоҳ намояд.

Ҳарчанд дар қарори ҳукумат омадааст, ки ин тасмим ҷиҳати ба эътидол овардани бозори дохилӣ гирифта шудааст, вале иқтисодшинос Қанот Берентаев ин тадбирро чандон муассир ва ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ намедонад. Оқои Берентаев мегӯяд, ки манъи содироти ҳар гуна мавод норавост ва аз сӯи дигар он хилофи ҳама гуна меъёрҳои тиҷорати байнулмилалӣ ва қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

Аз ин хотир иқтисодшинос чунин меҳисобад, ки бояд тиҷорати чунин амволи стротежӣ, мисли маводи сӯхт, ғалла ва дигар маҳсулоти ғизоӣ бояд дар ихтиёри давлат қарор дошта бошад ва ин тадбир ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ хилоф нест. Дар ин ҳолат, ба давлат иҷоза дода мешавад, ки танҳо худ маҳсулоташро содир намояду ҳам онро дар бозори дохилӣ бо нархҳои ҷаҳонӣ бифрӯшад ва аз сӯи дигар, ба бозори дохилӣ маҳсулоти дигар кишварҳо бидуни мушкилот роҳ меёбанд ва онҳо бо нархҳои тавлидкунандагони маҳсулот дар кишвар рақобат хоҳанд кард. Аз чунин тадбир, ба андешаи иқтисодшинос, ҳам бозори дохилӣ ҳимоят мегардаду ҳам кишварҳои воридкунандаи амвол зарар намебинанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки тамдиди манъи содироти маводи сӯхт ва ё маводи нафтӣ ба вазъи иқтисодии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Тоҷикистону Қирғизистон таъсири номатлуб дорад. Зеро ин кишварҳо миқдори зиёди маводи сӯхти хешро аз Қазоқистон харидорӣ мекарданд. Масалан, Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, тақрибан 40 дарсади маҳсулоти нафтии хешро аз ин кишвар мехарид .

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Қазоқистон баробари маводи сӯхт ҳамчунин содироти ғалларо низ то ба 1 сентябр манъ карда буд. Вале баробари оғози мавсими ҷамъоварии ғалла ҳукумат ин тасмимашро лағв кард ва алъон ҳар кишвар аз Қазоқистон ғалла харида метавонад.

XS
SM
MD
LG