Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1-уми сентябр – Рӯзи дониш


Имрӯз тақрибан 2 миллион хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ба соли нави таҳсил фаро гирифта шуданд.

Агар қисми зиёди ин мактаббачагон барои дафъаи чандум ба дабистону дабиристонҳои кайҳо боз ошнову маҳбуби худ омада бошанд, як теъдоди тоза ба синни 7-солагӣ расида бори нахуст ба ошёнаҳои донишу маърифат қадам гузоштанд.
Дар ин мактабҳо ин бачагону духтаронро дар баробари синфхонаҳои мухталиф – чи кушоду озода ва чи, башумор ҳам бошад, тангу нимвайрона – муаллимони ҳалиму меҳрубон ва донову дарёдил ба канори худ мегиранд.
Мутаассифона, соли таҳсили нав дар ҳамаи ин мактабҳо анъанаи неки солҳои гузашта идома наёфт: хонандагон, ки бо ҳазор шодиву ҳавас ба ин даргоҳҳои маърифат омада буданд, бидуни шунидани садои рӯҳнавози занги аввал ба синфхонаҳо даромаданд...
XS
SM
MD
LG