Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи "Боми Ҷаҳон" дар Бадахшон


Дар Хоруғ фестивали тарона ва рақси мардуми Боми Ҷаҳон кушода шуда, ду рӯз идома мекунад.

Фестивал аз намоишу фурӯши намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ ва мусаввараҳои рассомони Бадахшон оғоз гардид. Сипас, банавбат навои созҳои мардумӣ - даф, сетор, рубоб, танбур, най ва ғижжак дар фазо танин андохт.

Гурӯҳҳои ҳунарии манотиқи мухталифи вилоят сурудҳои фолклорӣ - фалак, маддоҳ ва рақс амсоли рақси кабутар, рақс бо шамшер ва рақси пойамалро ба тамошобинон пешкаш намуданд. Ба гуфтаи санъатшинос Маҳингул Назаршоева, дар минтақа бештар аз 14 намуд рақси мардона роиҷ будааст.

Роҳбари маркази эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ Лайлӣ Амонуллоева, бо дастпарваронаш намоиши гулдӯзиҳои анъанавӣ дар сарулибоси ҳозиразамонро баргузор кард. Ба фикри роҳбари марказ, дар ҳоле, ки мӯд ҷойгоҳи гулдӯзӣ ва либоси анъанавиро танг кардааст, намоиш василаи хубе барои тарғиб ва ҳифзи анъанаҳои мардумӣ мебошад.

Дар фестивал нахустнамоиши филми коргардон Сафар Ақдодов - «Носири Хусрав: анъанаҳои амокини муқаддас» баргузор шуд.

Ҳамчунин, филмҳо таҳти унвони «Бадахшониҳо» - оиди гуногунрангиӣ фарҳангӣ дар минтақа ва «Мусаввари ошиқ» ва «Гулбек», ки аз ҳаёт ва фаъолияти ду ҳунарманд ҳикоят мекунанд, пешкаши тамошобинон гардиданд.

Баромади гурӯҳи «Шамс» ҷузве аз фестивал буд.

Биянка Ҳерлих, як донишомузи олмонӣ, ки барои як моҳ ба Бадахшон омадааст, мегӯяд, ки вай фестивалро имконияти хубе барои шиносоӣ бо фарҳанги мардуми бумӣ дарёфтааст.

Дастандаркорони фестивал ҳадаф аз баргузории онро такон бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ намуданд. Шагарф Муллоабдолов, намояндаи як созмони маърифатӣ гуфт, ки бо истифодаи таҷриба аз чунин нахустнамоиш онҳо мехоҳанд дар оянда бо ширкати ҳунармандони манотиқи мухталифи ҷумуҳурӣ ва кишварҳои ҳамҷавор бо Бадахшони Тоҷикистон - Афғонистон, Покистон, Чин ҳамасола дар маркази устони Бадахшон чунин як фестивал баргузор намоянд.

Шагарф Муллоабдолов гуфт, ки чанде қабл вай дар фестивали мардуми Вахони дуне, ки таи чанд соли ахир дар минтақаи Вахони Афғонистон баргузор мешавад, ширкат доштааст ва чунин маъракаро барои намоиш ва рушд ва пайвастани риштаҳои фарҳанги наву кӯҳна муҳим мешуморад.

Фестивал бо ибтикори Бунёдҳои Кристенсен ва Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон баргузор гардидааст.

XS
SM
MD
LG