Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо бӯҳрони Гурҷистонро баҳс мекунад


Имрӯз раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брусели Белгия аксуламали муштарак ба амалиёти низомии Русия дар хоки Гурҷистонро арзёбӣ мекунанд.
Мулоқоти изтирории раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро раҳбари даврии ин созмон президенти Фаронса Николас Саркозӣ даъват кардааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки кишварҳои аврупоӣ аз Гурҷистон пуштибонӣ намуда, аз Русия тақозо кунанд, ки посгоҳҳояш дар хоки Гурҷистонро аз байн барад ва бар пояи барномаи оташбаси Саркозӣ ба мавқеъҳои то оғози бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубӣ ишғол намудааш баргардад. Моҳи гузашта бо миёнаравии Саркозӣ Русияву Гурҷистон ба оташбас ризоят доданд.
Рӯзи якшанбе президенти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки кишвараш омода аст ба таҳрими Иттиҳодияи Аврупо посух диҳад.
Ӯ ҳамчунон илова кард, ки Русия аз роҳи пеш гирифтааш дар мавриди эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон намегардад.
Назар ба гузоришҳои расида дирӯз Медведев ва Саркозӣ дар як сӯҳбати телефонӣ амнияти Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ва имкони ирсоли нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба минтақаро баррасӣ кардаанд.
Дар мусоҳибааш ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс сарвазири Гурҷистон Ладо Гургенидзе аз Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА даъват кардааст бар зидди ҳар ширкат ва ё фарде, ки бидуни иҷозати Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубиву Абхозистон сармоягузорӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG