Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҳи шарифи Рамазон фаро расид


Намози Таровеҳ шоми якшанбе оғоз мешавад

Намози Таровеҳ шоми якшанбе оғоз мешавад

Шоми 31-уми августи соли равон моҳи шарифи Рамазон, моҳи муборак бар мусалмонон, дар Тоҷикистон ҳам фаро расид.

Имсол рӯзи аввали моҳи Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи душанбе, 1-уми сентябр, таъйин кардааст. Гуфта мешавад, рӯзи аввали Рамазон бар асоси назари уламо ва марказҳои муътабари исломии ҷаҳон таъйин гардидааст.

Дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро табрик намуд. Дар табрикоти худ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону тоҷирон муроҷиат намуда, онҳоро даъват кард, ки ба нодорону камбағалон дасти хайру саховат боз кунанд. Вай бо ишора ба он, ки дар кишварҳои исломӣ чун анъана дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефурояд, ибрози таассуф кард, ки дар Тоҷикистон акси ин ҳолат мушоҳида шуда, чандин сол аст, ки тамоюли болоравии арзиши озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ҷараён дорад.

Ҳамчунин бихонед: Моҳи савм, моҳи файзу баракат, моҳи сулҳ


Ҳамзамон тайи рӯзҳои ахир дар мағозаву бозорҳои Душанбе болоравии нархи бархе аз маҳсулоти хурокворӣ мушоҳида мешавад. Ҳайдарали Розиқов, сокини шаҳр Душанбешаҳр ва омӯзгори мактаби миёна, аз нархҳои бозору дӯконҳои пойтахт шикоят карда мегӯяд, ҳарсола дар моҳи Рамазон зиндагии ӯ ва хонаводааш душвортар мешавад. Вай меафзояд, ҳамагӣ 200 сомонӣ, муодили 65 доллар, моҳона мегирад, дар ҳоле, ки нархи як халта орд аз 120 сомонӣ бештар аст.

Вале домулло Муҳамадалӣ Файзмаҳмад мегӯяд, агар мо дар моҳи шарифи Рамазон рӯза бигирем ва фарзи Худоро риоят кунем, шояд Худо дуоҳои моро қабул кунад ва мо аз ин бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун равем.

Тақрибан дар ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ рамазон рӯзи душанбе фаро мерасад. Дар Либия бошад Рамазон имрӯз, яъне рӯзи якшанбе, шурӯъ шуд. Аммо дар Эрон ва дар миёни аҳолии шиъамазҳаби Ироқ рӯзи сешанберо рӯзи аввали Рамазон эълон кардаанд.

Маъмулан Рамазон 29 ё 30 рӯз давом мекунад ва нуҷумшиносон мегӯянд, оғозу интиҳои он ба нав шудани моҳ дар осмон иртибот дорад. Ҳар сол рамазон 10 ё 11 рӯз барвақттар оғоз мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG