Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун хостори бознигарии муносибот бо Русия шуд


Гордон Браун, нахуствазири Бритониё
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё

Нахуствазири Бритониё гуфтааст, Ғарб аз лиҳози сӯзишворӣ пойбанди Русия нахоҳад монд ва муносиботаш бо ин кишварро бознигарӣ хоҳад кард.

Ин изҳороти Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, як рӯз пеш аз мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо садо додааст. Қарор аст дар ин мулоқот раҳбарони Аврупо бӯҳрони марбут ба Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистонро баррасӣ кунанд.

Оқои Браун дар ин мусоҳиба хитоб ба Русия гуфтааст, "агар шумо бихоҳед дар гирди мизи муътабари созмонҳое, аз қабили гурӯҳи ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон, Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат биншинед, шумо бояд масъулиятҳои ҳуқуқии онро низ бишносед".

8-уми август нерӯҳои Гурҷистон барои барқарор кардани назорат вориди ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетиёи Ҷанубӣ шуданд. Маскав панҷ рӯз бар зидди ин нерӯҳо амалиёт анҷом дод ва сипас 26-уми август эълон кард, ки истиқлоли Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият мешиносад.

Гордон Браун гуфтааст, дар мулоқоти Бруксел рӯзи душанбе ин масъаларо матраҳ хоҳад кард, ки Русия бояд тамомияти арзии Гурҷистонро бишносад ва нерӯҳои худро ба мавозеъи қаблии худ фаро хонад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ба паймони НАТО пешниҳод хоҳад кард, ки муносиботи худро бо Русия бознигарӣ кунад ва ҳимояти худ аз Гурҷистонро тақвият диҳад, зеро ин кишвар дар баробари "таҷовузи Русия" қарор дорад.

Гордон Браун афзудааст, вай дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи шанбе ба Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ҳушдор додааст, ки роҷеъ ба Гурҷистон "посухи қотеъи Аврупо"-ро мунтазир бошад. Кохи Кремл дар посух ба ин гуфтугӯи телефонӣ равиши созишкорона нишон додааст ва гуфтааст, ки Русия хостори ҳузури бештари нозирони САҲА дар Гурҷистон шудааст.

Ин созмон гуфтааст, тақрибан 100 нозир ба Гурҷистон хоҳад фиристод. Ҳоло ҳудуди 20 нозири ин созмон дар Гурҷистон фаъолият мекунанд. Вазорати хориҷаи Гурҷистон низ эълон кардааст, ки муқаррароти визо ё раводидро барои шаҳрвандони Русия ташдид мебахшад.

XS
SM
MD
LG