Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон рузи душанбе оғоз мешавад


Дар Арабистони Саъудӣ-маркази ислом эълон кардаанд, ки моҳи шарифи рамазон рузи душанбе оғоз мешавад. Тақрибан дар ҳамаи кишварҳои арабӣ, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ рамазон рузи душанбе фаро мерасад. Дар Либиё ҳамин руз, яъне рузи якшанбе рамазон шуруъ шуд. Аммо дар Ирон ва дар миёни аҳолии шиъамазҳаби Ироқ рузи сешанберо рузи аввали рамазон эълон кардаанд. Маъмулан рамазон 29 ё 30 руз давом мекунад ва нуҷумшиносон мегуянд, оғозу интиҳои он ба нав шудани моҳ дар осмон иртибот дорад. Ҳар сол рамазон 10 ё 11 руз зудтар оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG