Пайвандҳои дастрасӣ

Куба дар коми тӯфони "Густав"


Тӯфони "Густав" аз шадидтарин тӯфонҳо дар минтақаи Кариб маҳсуб мешавад

Тӯфони "Густав" аз шадидтарин тӯфонҳо дар минтақаи Кариб маҳсуб мешавад

Ба иттилоъи идораи ҳавошиносии ИМА, тӯфони даҳшатбори мавсум ба «Густав» дар ҳоли убур аз Куба мебошад.

Давлати Куба дар робита ба ин тӯфон, ки суръати он дар як соат беш аз 230 километрро ташкил медиҳад ва аз тӯфонҳои хеле шадид маҳсуб мешавад, парвози тамоми ҳавопаймоҳои дохилиро манъ кардааст ва аз манотиқи роҳи ҳаракати тӯфон садҳо ҳазор мардумро кӯчонидааст.

Мақомоти Куба то ба ҳол дар бораи қурбониҳо ва зарари тӯфон иттилоъе пахш накардаанд, вале ба иттилоъи бархе аз сарчашмаҳо, тӯфон аллакай ба манотиқи ғарбии ин кишвар хисороти зиёде расонидааст.

Тӯфони «Густав» дар роҳи ҳаракати худ аз уқёнуси Атлантика ба сӯи дарёи Кариб ба кишварҳои дигари ин минтақа, аз ҷумла Гаитӣ, Ямайка ва Ҷумҳурии Доминика, хисорот ворид кардааст ва боиси ҳалокати беш аз 90 нафар гаштааст.

Тӯфон акнун бо суръат ба сӯи минтақаи Ню Арлеани Амрико ҳаракат дорад ва даҳҳо ҳазор мардуми ин минтақа феълан дар ҳоли кӯчбандӣ аз роҳи тӯфон мебошанд.

XS
SM
MD
LG