Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Покистон се номзад ширкат меҷуянд


Рузи шанбе Кумиссюни Марказии Интихоботии Покистон эълон кард, ки барои ширкат дар интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурии ин кишвар се номзад муъаррефӣ шудаанд. Баъд аз истеъфои Парвиз Мушарраф аз ин мақом Осиф Зардорӣ-шавҳари марҳум Беназир Бҳутто аз Ҳизби Мардумии Покистон, Сайид-уз-Замон Сиддиқӣ-раиси собиқи қуззот ва Мушоҳид Ҳусайн-раиси Ҳизби Муслим Лиг номзадии худро пешбарӣ кардаанд. Рузи шанбеи оянда намояндагон дар иҷлоси порламон раиси ҷумҳурро интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG