Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ниҷроб шуморе аз тундравҳои афғон кушта шуданд


Нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон мегуянд, дар задухурдҳо ва дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар вулусволии Ниҷроби вилояти Кописо чанд нафар аз тундравҳо кушта шудаанд. Дар эъломияе нируҳои эътилоф гуфтаанд, онҳо дар ин минтақа мавозеъи тундравҳоро ҳадаф қарор додаанд. Дар эъломия омадааст, тундравҳо бар зидди нируҳои эътилоф аз рокетандоз ва туфангҳои мусалсал истифода кардаанд ва нируҳои эътилоф маҷбур шудаанд нируҳои ҳавоиро ба кумак бихоҳанд.
XS
SM
MD
LG