Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ сарбозони русро "ишғолгар" номид


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон ғайримунтазира аз бандари Потӣ, ки ҳамчунон зери назорати нируҳои Руссия қарор дорад, боздид кард. Раҳбари Гурҷистон сарбозони русро, ки дар атрофи ин шаҳраки бандарӣ посгоҳҳои худро мустақар кардаанд, "ишғолгар" номид. Қаблан Гурҷистон гуфт, равобити дипломатии худро бо Маскав қатъ мекунад, зеро Руссия ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият шинохтааст. Як манбаъи вазорати хориҷаи Руссия ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки Маскав сафоратхонаи худро дар Тифлис хоҳад баст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG