Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Русияро шарик ва ҳампаймони табиъии стратежӣ унвон кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, хусусияти ин равобит ҳамоҳангӣ ва дастгирии фаъъолиятҳои дохиливу хориҷии ҳарду кишварро рӯи масоъили минтақаиву ҷаҳонӣ дар назар дорад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар як нишасти муштараки матбуъотӣ бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, бидуни шакк, ин таври бархӯрд ба маҷмӯъи тадобире, ки Русия дар Қафқоз рӯи даст гирифтааст, дахл дорад. Вай афзуд: «Дар баробари ин зарур медонам изҳор намоям, ки усули ҳалли сиёсиву дипломатии масоъили баҳснок авлотар аст».
Изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон дар анҷоми сафари расмии раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон садо дод, ки бо имзои як баёнияи муштараки ду кишвар ва чор созишнома дар соҳаи иқтисод, маориф, фарҳанг ва илм ба имзо расид. Ҳамчунин 1 ёддошти тафоҳум миёни вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва ширкати «Интер РАО ЕЭС» (Русия) ба имзо расид.
Д. Медведев (байн) ва Э. Раҳмон (рост) ҳангоми дидор аз қисми низомии Русия дар канораи шаҳри Душанбе, 29 август
Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, мутазаккир шуд, ки кишвараш дар рудхонаҳои Тоҷикистон се нерӯгоҳи миёна эҳдос намуда, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъъолона ширкат хоҳад кард. Д. Медведев афзуд, ки бо ҳамтои тоҷикаш тасмим гирифтаанд урани Точикистонро муштаракан тавлид ва дар хориҷи кишвар коркард кунанд. Ба гуфтаи президенти Русия, ширкати «Газпром»-и ин кишвар дар Тоҷикистон машғули иктишофи конҳои гози табиъӣ аст ва пас аз 2-2,5 сол Тоҷикистон соҳиби гози худ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, вақте сухан аз равобити низомии Тоҷикистону Русия рафт, оқои Медведев гуфт: «Мо як соҳаи алоҳидаи ҳамкорӣ дорем, ки дар борааш аксар вақт намегӯянд. Аммо ман як-ду сухан мегӯям. Ин соҳаи низомист. Мо ин ҳамкориро дар ҳама самт тақвият медиҳем. Мо ба тавофуқ расидем, ки фурудгоҳи низомии воқеъ дар Ҳисорро тариқи вазоратҳои дифоъамон муштаракан истифода кунем. Аз ҷумла Русия бархе аз сохтмонҳои ба итмом нарасидаи ин фурӯдгоҳро ба анҷом мерасонад».
Раисҷумҳури Русия аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Душанбе ҳарф зад, ки бозсозиашро Ҳиндустон сармоягузорӣ мекард. Расонаҳои ин кишвар қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар ин фурудгоҳи мазкур пойгоҳи низомии Ҳиндустон таъсис хоҳад шуд.
Ин аввалин сафари расмии Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон буд, ки ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе рост омад.
Дар поёни сафараш раисҷумҳури Русия ҳамчунин аз пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон дидан кард.
XS
SM
MD
LG