Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи равобити дипломатии Гурҷистон бо Русия


Рӯзи ҷумъа муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Григол Вашадзе бо ишора ба эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз тарафи Маскав гуфт, ки Гурҷистон равобити дипломатӣ бо Русияро қатъ мекунад.
Рӯзи панҷшанбе парламенти Гурҷистон қатъномаи қатъи равобити дипломатӣ бо Русияро ба тасвиб расонда буд. Ҳамчунон рӯзи ҷумъа сарвазири Гурҷистон Ладо Гургенидзе қарори таваққуфи амалиёти ҳифзи сулҳи Русия дар қаламрави ин кишварро имзо кард.
XS
SM
MD
LG