Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори се афғон дар посгоҳи муштарак дар Қундуз


Олмон мегӯяд, дар як посгоҳи низомӣ, ки таҳти назорати сарбозони Олмону Афғонистон қарор дошт, се фарди осоишта ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи вазорати мудофиаи Олмон Томас Раабе иброз дошт, ки дар назди шаҳри шимолии Қундузи Афғонистон сарбозон ба тарафи ду мошини мулкӣ, ки аз таваққуф дар посгоҳ саркашӣ намуданд, оташ кушоданд. Ҳодиса 28-уми август ба вуқӯъ пайвастааст. То ҳол возеҳ нест, ки оташро сарбозони олмонӣ кушодаанд ва ё афғон?
XS
SM
MD
LG