Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Душанбе вохӯрданд


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон амали Русия дар Қафқозро дарк мекунад, вале дар ҳалли низоъҳо ба истифода аз роҳи дипломатӣ бартарӣ медиҳад:
"Кишварҳои мо коршарик ва муттафиқони стратегии табиӣ мебошанд ва моҳияти равобити мо дар масъалаҳои сатҳи ҷаҳону минтақа ҳамоҳангиву дастгирии амалкардҳои ҳамдигар дар дохилу хориҷро мадди назар дорад. Бидуни шак ин усул ба иқдомҳои Русия дар Қафқоз ҳам дахл дорад. Дар айни замон муҳим мешуморам, хидмати шумо арз кунам, ки дар ҳалли баҳсҳо мо ба истифода аз роҳҳои дипломатӣ бартарӣ медиҳем."
Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай президенти Русия Дмитрий Медведев кӯшиш кард, кишварҳои аъзоро ба дастгирии амали Русия дар Гурҷистон моил намояд, вале аъзои созмон дар баробари эътирофи нақши Русия дар сулҳи Қафқоз гуфтанд, ки ба ҳалли осоиштаи низоъ ва ҳифзи тамомияти арзии кишварҳо бартарӣ медиҳанд.
Бо ишора ба ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон Медведев гуфт, ки он бо сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда ба поён намерасад. Ӯ афзуд, ки Русия мақсад дорад дар сохтмони як идда нерӯгоҳҳои дигар ва аз ҷумла Роғун саҳм гирад. Президенти Русия иттилоъ дод, ки низомиёни ду кишвар фурӯдгоҳи Ҳисорро ҳамроҳ истифода хоҳанд бурд:
"Мо дар мавриди истифодаи муштараки фурӯдгоҳи Ҳисор аз ҷониби вазоратҳои мудофиаи ду кишвар ба мувофиқат расидем. Аз ҷумла Русия як идда иншооти нотамоми ин фурӯдгоҳро такмил менамояд."
Ҳамчунон раисҷумҳури Русия гуфт, ки аз ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи баргузории нишасти байналмилалӣ бахшида ба мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG