Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Ба даври сеюми Ҷорҷ Буш роҳ намедиҳем!


Рӯзи панҷшанбе дар рӯ ба рӯи 80000 нафар Барак Обама ба ҳайси номзади ҳизби демократ дар сабқати раёсатҷумҳурии ИМА суханронӣ кард. Дар майдони варзишии шаҳри Денвер Обама ба тарафдоронаш гуфт, ки ба табақаи миёнаҳол кумак расонда, дар паи таҳкими амнияти миллӣ мешавад. Ба гуфти Обама пирӯзии рақибаш Ҷон Маккейн маънои онро хоҳад дошт, ки президенти кунунии ИМА Ҷорҷ Буш бори сеюм раёсатҷумҳурӣ мекунад.
Обама дар бораи бимаи беҳдошт барои ҳама, поин бурдани мизони андози мардуми миёнаҳол ва қатъи вобастагии ИМА ба нафти Ховари Миёна ҳарф зад.
Дар умури байналмилалӣ Обама иброз дошт, ки мубориза бо Ал-Қоидаро такмил намуда, аз роҳи дипломатияи тунд имкон нахоҳад дод, ки Эрон ба силоҳи ҳаставӣ дастрасӣ пайдо кунад.
Обама аввалин сиёсатмадори сияҳпӯст аст, ки аз номи бузургтарин ҳизби ин кишвар номзад ба курсии президент пешбарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG