Пайвандҳои дастрасӣ

Канада: Равуои Русия дар Арктика афзоиш ёфтааст


Вазири мудофиаи Канада мегӯяд, шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳои низомии Русия дар ҳарими ҳавоии Канада дар минтақаи Артика афзоиш ёфтааст. Питер Маккай дар бораи шумораи дақиқе парвозҳо чизи бештар нагуфт, вале илова кард, ки Русия дар бораи ин парвозҳо ба Канада иттилоъ надодааст. Маккай, дигар мансабдорони воломақом ва мин ҷумла сарвазири Канада Стивен Ҳарпер ба Арктика рафтаанд, то бори дигар соҳибистиёриашон дар ин минтақаро собит намоянд. Ин иддаоҳоро кишварҳои зиёд ва дар байни онҳо ИМА эътироф намекунанд.
XS
SM
MD
LG