Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи ИМА ва Русия рӯи бӯҳрони Гурҷистон


Дирӯз дар Шӯрои Амнияти СММ ИМА ва Русия дар масъалаи бӯҳрони Гурҷистон муноқиша карданд. Муовини сафири ИМА Алехандро Волфф гуфт, истифодаи нерӯи дар муқобили узви СММ ва ё таҳдиди истифодаи он хилофи оинномаи СММ аст.
Моҳи равон Русия ба хоки Гурҷистон таҷовуз кард, то амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубиро мутаваққиф намояд. Мақомоти Гурҷистон мехостанд ин минтақаи ҷудоихоҳро таҳти тасарруфи ҳукумати марказӣ қарор диҳанд.
Фиристодаи Русия дар СММ Виталияи Чуркин бо ишора ба ҳамлаи эътилофи зери раҳбарии ИМА ба Ироқ гуфт:
"Ман аз изҳороти фиристодаи доимии ИМА ҳаловат бурдам. Ӯ ба аъзои Шӯрои Амният хотирнишон кард, ки кишварҳо бояд аз истифодаи нерӯ ва ё таҳдиди истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд. Мехоҳам аз намояндаи муҳтарами ИМА пурсам, ки оё Шумо дар Ироқ силоҳи куштори ҷамъӣ пайдо кардед ва ё ҷустуҷӯи он ҳанӯз ҳам идома дорад?"

ИМА ҳамла болои Ироқро бо эҳтимоли мавҷудияти силоҳи куштори ҷамъӣ дар дасти президенти Ироқ Саддом Ҳусайн иртибот дода буд, вале чунин силоҳ ёфт нашуд.
Дар навбати худ Волфф Чуркинро бо муқоисаи дурӯғин муттаҳам кард.
Шӯрои Амнияти СММ аз даъвати фиристодаҳои Осетияи Ҷанбуиву Абхозистон, ки аз тарафи Русия ҳамчун кишварҳои соҳибистиқлол эътироф шудаанд, худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG