Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати Анбор ба ироқиҳо мегузарад


Фармондеҳи полиси вилояти Анбори Ироқ генерал Тариқ ал-Дулаймӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 1 сентябр артиши ИМ назорати ин минтақаро дар ихтиёри нерӯҳои амнияти маҳаллӣ мегузорад.

Вилояти Анбор аз мақарри аслии ошӯбгарони суннимазҳаби ироқӣ маҳсуб мешуд ва тайи чандин сол дар ин ҷо набардҳои шадид идома доштанд. Ал-Дулаймӣ афзуд, ки таҳвили масъулият аз амрикоиҳо ба дасти ироқиҳо баъд аз коҳиши чашмраси хушунат дар минтақа имконпазир шудааст.

Гуфта мешавад, вазъ дар Анбор баъд аз он беҳбуд ёфт, ки сарони қабоили вилоят барои мубориза бо ҷангиёни ал-Қоида тасмим гирифтанд ва ба хотири таъмини амният воҳидҳои пулиси маҳаллиро таъсис доданд.

Дар айни ҳол, нерӯҳои ироқӣ назорати тақрибан нисфи кишвар, яъне 10 аз 18 вилоятро бар ӯҳда дорад. Фармондеҳи артиши Амрико дар Ироқ генерал Девид Петреус моҳи гузашта изҳори умедворӣ карда буд, ки то охири сол ба ҷуз Анбор боз дастикам ду вилояти дигар таҳти назорати нерӯҳои ироқиҳо гузарад.

Маросими таҳвили назорати Анбор ба нерӯҳои ироқӣ бояд охирҳои моҳи июн сурат мегирифт, вале бар асари ихтилоф миёни раҳбарони маҳаллӣ ба таъхир афтод.

Акнун нерӯҳои низомии ИМ фақат дар постгоҳҳои берун аз шаҳрҳои вилоят мустақар хоҳанд шуд. Як манбаъ аз дафтари мушовири ҳукумат дар умури амният Муваффақ ал-Рубоъӣ гуфт, ки вилоят барои таҳвили қудрат комилан омода аст ва неруҳои амниятии Ироқ масъулиятро бар душ мегиранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, суботу оромӣ дар вилояти Анбор аз коҳиши чашмраси хушунат дар саросари Ироқ шаҳодат медиҳад.

Ва аммо дар ҳамин ҳол Бағдод ва Вошингтон дар мавриди ҷадвали хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидаанд. Қаблан, сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ хабар дод, ки артиши ИМА то охири соли 2011 Ироқро комилан тарк хоҳад кард ва аммо Кохи Сафед ин иттилоъро рад кард.

Раисҷумҳури Ироқ Ҷалол Толибонӣ дар мусоҳибааш бо маҷаллаи ал-Ҳурра дар мавриди замони хурӯҷи артиши Амрико аз Ироқ гуфт.

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, оромӣ дар кишвар нисбист ва ал-Қоида ҳамчунон ба ҳайси хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад. Нерӯҳои низомии амрикоӣ ва ироқӣ ҳоло амалиёти низомиро дар вилояти Дияла анҷом медиҳанд, ки гуфта мешавад, аксарияти ҷангиёни ал-Қоида дар он ҷо сангар гирифтаанд.

Мақомоти амниятии ироқӣ хабар додаанд, ки интизор меравад то охири сол назорати боз ду вилояти дигар - Васит ва Бобил ҳам ба ихтиёри неруҳои Ироқ вогузошта шавад.

XS
SM
MD
LG