Пайвандҳои дастрасӣ

Обама барномаи худро муаррифӣ кард


Чанд лаҳза қабл дар шаҳри Денвери аёлати Колорадои ИМА анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби демократ поён ёфт. Сенатор Барак Обама дар варзишгоҳ дар ҳузури 75 ҳазор нафар барномаи худро ироа кард ва пешниҳоди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурро пазируфт. Барак Обама нуктаҳои аслии барномаи худро ироа намуд ва, аз ҷумла, ишора кард, ки баъди ба Кохи Сафед омадани ӯ нерӯҳои амрикоӣ ба зудӣ аз Ироқ ба хона бармегарданд.

Дирӯз вакилони анҷуман Барак Обамаро ба мақоми раисиҷумҳур ва Ҷозеф Байденро ба мақоми муовини раисиҷумҳур пешбарӣ карданд. Дар интихоботи президентии рӯзи 4 ноябр Барак Обама бо номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG