Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани демократҳо дар Денвер поён меёбад


Дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби демократ поён меёбад. Имрӯз сенатор Барак Обама дар варзишгоҳ дар ҳузури 75 ҳазор нафар барномаи худро ироа мекунад ва расман пешниҳоди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурро мепазирад.

Дирӯз вакилони анҷуман Барак Обамаро ба мақоми раисиҷумҳур ва Ҷозеф Байденро ба мақоми муовини раисиҷумҳур пешбарӣ карданд. Дар интихоботи президентии рӯзи 4 ноябр Барак Обама бо номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG