Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ИМА-ро дар ҷанги Осетияи Ҷанубӣ айбдор кард


Владимир Путин, сарвазири Русия имкони аз сӯи баъзе нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида тарҳрезӣ шудани низоъ дар Осетияи ҷанубиро баъйид намедонад. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN Путин гуфт, ки ҳадаф аз ин амал шояд таъмини бартарӣ барои яке аз довталабони курсии раисиҷумҳури Амрико буд. Ва аммо Путин аз бурдани номи довталаби курсии раёсати ҷумҳур худдорӣ кард.

Сарвазири Русия ҳамчунин гуфт, тибқи иттилоъи зери дасти ӯ, замони даргириҳо дар минтақаи низоъ шаҳрвандони Амрико низ ҳузур доштанд. Кохи Сафед ин иддаои Владимир Путинро рад карда онро “бехирадона” номид.

XS
SM
MD
LG