Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон равобит бо Русияро қатъ мекунад


Порлумони Гурҷистон қарореро пазируфт, ки дар он қатъи равобити дипломатӣ бо Русия пешниҳод шудааст. Вакилони порлумон тасмими Русия барои эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро хилофи қавони байнулмилалӣ хонда Маскавро дар ғасби як бахши қаламрави кишвар муттаҳам карданд. Ҳамчунин порлумони Гурҷистон ҳузури ҳама нерӯҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла, нерӯҳои посдори сулҳро ғайриқонунӣ эълон кард. Як рӯз пеш Тифлис аксари дипломатҳои кишварро аз Русия бозхонда буд – айни ҳол дар сафорати Гурҷистон дар Маскав фақат ду корманд боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG