Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мудохилаи Амрикоро дар Гурҷистон танқид кард


Сарвазири Русия, Владимир Путин, мудохилаи Иёлоти Муттаҳида дар Гурҷистонро танқид кард ва гуфт, Амрико дар ҷараёни низоъ дар минтақа буд ва амал мекард. Дар сӯҳбате, ки шабакаи телевизионии СNN имрӯз пахш кард, Путин гуфт, "воқеъан шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни хушунатҳо дар минтақа буданд." Вай афзуд, "бояд чунин дониста шавад, ки онҳо танҳо бо фармони мустақими раҳбарони худ метавонистанд, ин гуна амал кунанд." Кохи Сафед ин иттиҳомотро рад кард ва онҳоро беасос номид.
XS
SM
MD
LG