Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Аврупо ба таҳримҳои зидди Русия


Вазири умури хориҷии Бернар Кушнер гуфт, Иттиҳоди Аврупо масъалаи таҳримҳо ва чораҳои дигари зидди Русияро баррасӣ мекунад. "Мо талош дорем тарҳи қавие омода кунем, ки ба қатъият мо дар муқобили хушунат дар Гурҷистон таъкид намояд. Ҳоло таҳримҳо баррасӣ мешаванд ва оре, ҳамчунин бисёр чораҳои дигар." Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров ин таҳдидро нодида гирифт. Вай ҳамчунин гуфт, Бернар Кушнер дидгоҳи беморгуна дорад, чун бар ин аст, ки гӯё Маскав Укроин, Қрим ва Молдоваро ҳам ҳадаф гирифтааст.. Қарор аст, сарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар як нишасти изтирорӣ вазъи Гурҷистонро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG