Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатҳои Шимол ва Болтик Русияро маҳкум карданд


Раиси порлумонҳои ҳашт кишвари шимолӣ ва Соҳили Болтик Русияро барои эътирофи истиқлолияти ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон маҳкум карданд. Онҳо ин амалро нақзи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва хилофи усули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо номиданд. Норвегия, Финлонд, Дания, Исландия, Эстония, Латвия ва Литвониё аз Русия даъват карданд, тасмими худро иваз кунад.
XS
SM
MD
LG