Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари шореҳони Ғарб дар бораи ҳамоиши Душанбе


Раисони ҷумҳури Қирғизистон, Русия, Казоқистон ва Узбакистон дар ҳамоиши СҲШ дар Душанбе

Раисони ҷумҳури Қирғизистон, Русия, Казоқистон ва Узбакистон дар ҳамоиши СҲШ дар Душанбе

Дар ҳоле, ки гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии олам амалкарди Русия дар Гурҷистонро маҳкум кардааст, президенти ин кишвар бо ҳадафи дарёфти пуштибонӣ ба муттафиқони шарқиаш рӯй овард.

Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон раҳбарони шаш кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, яъне Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон, изҳор намуданд, ки онҳо аз ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи Ҷанубӣ нигарон буда, умед доранд, ки бӯҳрон ба воситаи муколама ҳалли худро пайдо мекунад. Раҳбарони кишварҳо созиши иборат аз шаш бандро, ки бо миёнаравии президенти Фаронса Николас Саркозӣ 12 август миёни Гурҷистону Русия ба имзо расид, хуш пазироӣ намудаанд.

Метю Клеменс шореҳи маҷаллаи "Ҷейнс дифенс" чопи Лондон дар ин бора мегӯяд: "Русия бо умеди дарёфти пуштибонии амалиёташ дар Осетияи Ҷанубӣ ба мулоқоти раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳозир шуд. Русия мехост нишон диҳад, ки сарфи назар аз танқидҳои Ғарб, гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии олам ва паймони НАТО, ин кишвар дар инзивоъ қарор надорад. Вале аксуламали муҳтотонаи кишварҳои узви Созмон ғайри қобили пегшбинӣ набуд, зеро ин кишварҳо ҳам бо ҷудоихоҳӣ мувоҷеҳ буда, ташаббусҳои ташкили адвлатҳои ҷудоихоҳонро дастгирӣ намекунанд."

Ин ақидаро Владимир Мухин, шореҳи рӯзномаи "Независимая газета", чопи Маскав, дастгирӣ мекунад: "Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иброз доштаанд, ки ташаббусҳои сулҳомези Русия ва барномаи сулҳи Медведев-Саркозиро дастгирӣ мекунанд, яъне ҳадди ақалл онҳо худро ҳамчун нерӯи бетараф зоҳир намуданд. Паҳлӯи манфии изҳороти кишварҳои узви Созмон дар он аст, ки сарфи назар аз кӯшишҳои Русия дар изҳороти ниҳоӣ Гурҷистон таҷовузгар эълон нашудааст. Ҳамчунон хилофи орзуҳои Русия ягон кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро эътироф накард».

Ба гуфтаи Владимир Мухин, аз сӯе ҳам набояд бештар аз онро интизор буд. Ҳар яке аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой худ бо ҷудоихоҳӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Эътирофи манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон метавонад ба онҳо дарди сар орад. Масалан, Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон, ё Қарақалпоқистони Узбакистон, ё вилояти Шинҷон-Уйғури Чин ва ё вилояти Шарқии Қазоқистон фардо даъвои истиқлол ва ӣё ҳамроҳишавӣ ба Русияро дар миён мегузоранд. Хулоса, тамоюлҳои ҷудоихоҳӣ доимо ҷой доштанд ва баъди ҳаводиси Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ин гуна ҳаракатҳо афзоиш меёбанд. Ҳамчунон таъсири Русия дар минёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва низоъҳои ин минтақа бештар мешавад. Аз ин рӯ, набояд чизи бештаеро аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интизорӣ дошт.

Баъзеҳо Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ҳамчун нерӯе дар муқобили нуфузи афзояндаи паймони НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунанд. Вале шореҳ Мухин дар ин бора фикри дигар дорад: "Паймони НАТО созмони сиёсиву низомӣ буда, вазифаҳояш аз созмони ҳамкориҳои Шонгҳой фарқ доранд. Вале агар Ҳиндустон, Эрон ва Покистон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шомил шаванд, нуфузи он ба қадри қобили мулоҳиза афзоиш меёбад ва он хоҳад тавонист, ки дар муқобили НАТО қарор гирад. Созмон мавқеи Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва ҳатто Афғонистонро беҳбуд мебахшад. Ба фикрам дар созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нуфузи Русияву Чин намоён хоҳад буд. Яъне созмон метавонад рӯзе ба паймоне дар муқобили НАТО табдил ёбад, вале ҳоло роҳи тӯлоние дар пеш аст».

Шореҳи англис Метю Клеменс ҳам бар ин назар аст, ки бунёди паймони нерӯманд дар муқобили НАТО осон нахоҳад буд, зеро рақобати Чину Русия ба он монеъ мешавад: "Феълан Русияву Чин соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб фоидаовар пайдо кардаанд, вале дар дарозмуддат ба ақидаи ман рақобати ду кишвар барои дастрасӣ ба захираҳои Осиёи Марказӣ бештар мешавад. Ва ё масъалаи муҳоҷирати мардуми Чин ба Шарқи Русияро бигиред, ки Маскав аз он нигарон аст. Хуллас, ҳоло барои сӯҳбат дар бораи ташкили паймон вақт зиёд аст. Ва фикр мекунам рақобати миёни Чину Русия ба он монеъ мешавад."

Ҳар ду шореҳ таъкид карданд, ки дар ҳоли ҳозир нуфузи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз минтақа берун нахоҳад шуд ва кишварҳои узв ба мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ маҳдуд хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG