Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Созмони Шонгҳой ба Дмитрий Медведев


Ҳампаймонҳои осиёии Русия имрӯз аз ташаннуҷҳо дар Гурҷистон амиқан изҳори нигаронӣ карданд, аммо натавонистанд аз Русия дар рӯёрӯияш бо Ғарб ошкоро пуштибонӣ кунанд. Аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, гурӯҳи амнияти минтақаӣ, ки ба ғайр аз Русияву Чин Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ узви онанд, ба оштӣ ва гуфтушуниди бештар даъват кард. Ин даъват яке аз паёмҳои асосии Эъломияе буд, ки сарони созмон имрӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба имзо расонданд.
XS
SM
MD
LG