Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ҷӯёи пуштибонии кишварҳои СҲШ шуд


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия гуфт, мутмаин аст, ки мавқеъи аъзои СҲШ дар қиболи ҳаводиси ахир дар Қафқоз вокуниши байнулмилалӣ ба бор хоҳад овард. Раисҷумҳури Русия гуфт, талошҳои бо роҳҳои зӯрӣ ҳал кардани мушкилот феълан низ идома дорад ва Гурҷистонро ба ҳайси намуна овард. Медведев ҳамчунин ба ташдиди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм таъкид кард. Раисҷумҳури Русия талоши бархе аз кишварҳо барои узвият дар СҲШ-ро нишони аҳаммияти бештар касб кардани СҲШ дар саҳнаи ҷаҳонӣ номид.
XS
SM
MD
LG