Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ Русияро дар тағйири нақшаи Аврупо айбдор кард


Президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ Русияро айбдор кард, ки мехоҳад, бо зӯр нақшаи Аврупоро дигар кунад. Дар матлабе барои рӯзномаи "Файненшл Таймс", Саакашвилӣ, инчунин гуфт, низоъи ахири Русия ва Гурҷистон "ҳаргиз барои Осетияи Ҷанубӣ ё Гурҷистон" набудааст ва Маскав барои он аз нерӯ истифода кард, ки "империяи худро эҳё намояд." Вай гуфтааст, ҳадафи баъдии Маскав сарнагунии ҳукумати Гурҷистон аст ва бояд Ғарб ба Тифлис кӯмаки фаврии модӣ ва сиёсӣ расонад.
XS
SM
MD
LG