Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳамоиши сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Дар кохи «Сомон»-и шаҳри Душанбе нишасти раисҷумҳурони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шурӯъ шуд.

Дар ин нишаст Дмитрий Медведев - раисҷумҳури Русия, Ҳу Ҷинтао - раисҷумҳури Чин, Нурсултон Назарбоев - раисҷумҳури Қазоқистон, Ислом Каримов – раисҷумҳури Узбакистон, Қурмонбек Боқиев – раисҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок доранд.

Қарор аст, дар ин нишаст масоили ҳамкориҳо миёни кишварҳои узв дар самтҳои энержӣ, нақлиёт, амният дар фазои Созмони Шонгҳой, мубориза бар зидди маводи мухаддир ва терроризм ва ғайра матраҳ гарданд.

Интизор меравад, ки дар ин нишаст атрофи қазияи Қафқоз ва охирин таҳаввулот дар атрофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон: Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, ки истиқлолашон ҳамин ду рӯзи пеш аз ҷониби Русия эътироф шуд, низ сӯҳбат бишавад.

Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви Созмони ҳамокриҳои Шонгҳой мебошанд.

Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар ин созмон мебошанд. Дар нишасти Душанбе, бар иловаи ҳайъатҳо аз кишварҳои нозир, ҳамчунин, раисҷумҳури Афғонистон Ҳамид Карзай ба ҳайси меҳмон ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG