Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори дуҷонибаи раисҷумҳурон дар Душанбе


Раисҷумҳурони Афғонистон - Ҳомид Карзай, Русия - Дмитрий Медведев, Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон. (Аз чап ба рост)

Раисҷумҳурони Афғонистон - Ҳомид Карзай, Русия - Дмитрий Медведев, Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон. (Аз чап ба рост)

Имрӯз, дар кохи «Сомон»-и шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин нишаст раисҷумҳурони Русия – Дмитрий Медведев, Чин – Ҳу Ҷинтао, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Узбакистон – Ислом Каримов, Қирғизистон – Қурмонбек Боқиев ва мизбон – Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

Дирӯз, дар шаҳри Душанбе чанд дидори дуҷониба миёни раисҷумҳурони кишварҳои узви созмони Шонгҳой ва кишварҳои нозир дар ин созмон баргузор шуд.

Дмитрий Медведев ҳамтои чиноии худро аз вазъ дар Қафқоз мутталеъ кардааст

Аз ҷумла, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои чиноияш Ҳу Ҷинтао сӯҳбат кард. Ба иттилоъи сухангӯи раисҷумҳури русӣ, Дмитрий Медведев ба Ҳу Ҷинтао дар мавриди қазияи Қафқоз иттилоъ додааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов вохӯрд. Қабл аз оғози нишасти руасои кишварҳои узви созмони Шонгҳой шойеъоте мавҷуд буд, ки Ислом Каримов ба Душанбе нахоҳад омад, вале алорағми ин овозаҳо раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе омад ва ӯро дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ки ин мулоқот «дар фазои дӯстона баргузор шуд». Ҳамчунин, гуфта шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз Ислом Каримов даъват ба амал овардааст, то бо як боздиди расмӣ ба Душанбе биояд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳамид Карзай дидорҳои як бар як доштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG